Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом оят аз китоби Аллоҳ, ки ту фаро гирифтаи бузургтар аст?" Мегӯяд: гуфтам: (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбари Худо бар қафаси синаам зад ва гуфт: "Худованд илматро бештар гардонад ...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Убай ибни Каъб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом ояте аз китоби Аллоҳ, ки фаро гирифтаи, бузургтар аст?" Абумунзир мегӯяд: гуфтам: Аллоҳ ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом оят аз китоби Аллоҳ, ки ту фаро гирифтаи бузургтар аст?" Мегӯяд: гуфтам: (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбари Худо бар қафаси синаам зад ва гуфт: "Худованд илматро бештар гардонад эй Абумунзир"
صحيح - رواه مسلم

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Убай ибни Каъбро аз бузургтарин ояти китоби Худованд пурсид, Убай ибни Каъб пас аз каме тардид, гуфт: он Оятул-курсӣ аст (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бинобар тасдиқ бар посухи ӯ ва бо ишора бар инки синаи ӯ пур аз илму ҳикмат аст, бар қафаси синааш зад ва барои ӯ дуъо карданд, ки Худованд илмиашро биафзояд ва саодатманд бошад.

Benefits from the Hadith

  1. Аз ривояти мазкур бармеояд, ки Убай ибни Каъб (Худованд аз ӯ розӣ бод) соҳибманзилат ва дорои дастоварди бузург гаштааст.
  2. Оятул-курсӣ бузургтарин оят дар Қуръони карим аст, ки мебояд ҳифз ва дар маънояш тадаббур ва ба он амал карда шавад.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд