Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос)...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос) -ро мехонд ва кафҳои дастонашро ба ҳар ҷое аз баданаш, ки муяссар ва дастрас буд масҳ мекард. Аз сар ва рӯй ва аз пешорӯи бадани худ оғоз карда ин амалро се маротиба анҷом медоданд.
صحيح - رواه البخاري

Шарҳ

Яке аз роҳнамудҳои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин аст, ки вақте ба бистари хоб мерафт ду кафи дастони худро бо ҳам ҷамъ карда ба боло мебардошт, ҳамонгуна, ки дар дуо бардошта мешавад, ва дар он сураҳои (Қул ҳувал-лоҳу аҳад, (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос)-ро хонда бо андак аз оби даҳон дамонда бо кафи дастонаш ҳар қисмате аз баданашонро, ки метавонистанд масҳ мекарданд. Ин амалро аз сар ва рӯй ва сипас аз қисми пеши бадан шуруъ карда се бор анҷом медоданд.

Benefits from the Hadith

  1. Хондани сураи Ихлос ва муъавизатайн пеш аз хоб ва дамидан дар кафи дастон ва масҳ кардани ҳар қисмате аз баданро, ки имкон дорад, мустаҳаб аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд