даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абу-Абдурраҳмони Сулламӣ (Раҳмати Худо бар ӯ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Яке аз саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки моро Қуръон таълим медод, гуфт, ки онҳо даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд. Мегӯянд: илм ва амал карданро (бо ҳам) меомӯхтем.
حسن - رواه أحمد

Шарҳ

Саҳобагони Паёмбар (Худованд аз онҳо розӣ бод) даҳ оятро аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) таълим гирифта ва пас аз амал кардан ба он боз даҳ ояти дигарро фаро мегирифтанд ва ба он амал мекарданд.

Benefits from the Hadith

  1. Фазилати саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва таваҷҷуҳи хоси онҳо ба фаро гирифтани Қуръон ва амал кардан ба он.
  2. Омӯхтани Қуръон танҳо ба маънои хондан ва ҳифз кардани он нест, балки амал кардан ба маъонии оятҳои он пас аз худ кардани он аст.
  3. Илм қабл аз қавл ва амал аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд