Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Оё яке аз шумо дӯст дорад, ки вақте назди хонаводаи худ бармегардад, онҷо се шутури ҳомиладори фарбеҳро биёбад?"Гуфтем: Оре. Фармуд: "се ояте, ки шумо дар намоз мехонед, беҳтар аз се шутури ҳомиладори фарбеҳ аст".
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) подоши се оят, ки дар намоз хонда мешавадро беҳтар аз он донистаанд, ки касе дар хонаи худ се шутури ҳомиладори фарбеҳ дошта бошад.

Benefits from the Hadith

  1. Баёни фазилати хондани Қуръон дар намоз.
  2. Амали нек беҳтар ва мондагортар аз мол ва матоъи фаношавандаи ин дунё аст.
  3. Фазилати мазкур муқаяд танҳо ба хондани се оят нест, балки намозгузор ҳар қадар оятҳои бештар дар намоз бихонад, подоши он бештар аз он аст, ки ба адади он шутурҳои ҳомилаи фарбеҳ дошта бошад.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд