Илмро барои фахрфурӯшӣ бар уламо ва муноқиша кардан бо аблаҳон наомӯзед

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: " Илмро барои фахрфурӯшӣ бар уламо ва муноқиша кардан бо аблаҳон наомӯзед, ва на инки дар маҷолис болонишин бошед, зеро ҳар касе чунин кунад, ҷояш ҷаҳаннам аст, ҷаҳаннам".
Sahih/Authentic. - Ibn Maajah

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз талаби илм барои худнамоӣ назди уламо ва нишон додани худ ҳамчун як соҳибилм ва ё барои баҳс ва мунозира кардан бо аҳмақону камақлон, ё барои болонишин шудан дар маҷолис ва бартарӣ доштан бар дигарон, барҳазар доштаанд. Ҳар касе чунин кунад, ӯ бинобар риёкорӣ ва адами ихлос дар талаби илм, сазовори оташи дӯзах аст.

Benefits from the Hadith

  1. Барои касоне, ки илмро барои фахр ва риёкорӣ, ё барои баҳсу муноқиша ё барои болонишин шудан дар маҷолис ва ё барои дигар аҳдофи дунявӣ меомӯзанд, ваъдаи дӯзах дода шудааст.
  2. Ихлос дар ният барои касоне, ки илм меомӯзанд ё таълим медиҳанд, бисёр муҳим аст.
  3. Ният асос ва мабнои амалҳост ва бар асоси он подош дода мешавад.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд