Худованд дӯст медорад ба рухсатҳо (осониҳое, ки Худованд дар ибодатҳояш иҷозат додааст) амал карда шавад, ҳамонгуна, ки дӯст медорад ба дастурот (фарз ва воҷибот)-аш амал карда шавад...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Худованд дӯст медорад ба рухсатҳо (осониҳое, ки Худованд дар ибодатҳояш иҷозат додааст) амал карда шавад, ҳамонгуна, ки дӯст медорад ба дастурот (фарз ва воҷибот)-аш амал карда шавад".
Sahih/Authentic. - Ibn Hibbaan

Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медорад, ки Худованд дӯст медорад ба осониҳои шаръӣ - рухсат ва осонӣ дар ибодатҳо ва аҳкоми шариъат, ба монанди қаср хондан дар сафар ва ё ҷамъ кардани ду намоз дар як вақт - амал кунанд. Ҳамонгуна, ки Ӯ Таъоло дӯст медорад дастурот, фарз ва воҷибот, ки бар бандагон муқарар кардааст, анҷом дода шаванд. Зеро фармони Худовандӣ дар дастурот ва рухсатҳо як аст.

Benefits from the Hadith

  1. Аз раҳмату меҳрубонии Худованд бар бандагонаш ин аст, ки Ӯ Таъоло дӯст медорад ба осониҳо, ки дар шаръ додааст, амал карда шавад.
  2. Ин як шариати комил аст ва машаққат (сахтӣ ва душворӣ) аз ин уммат бардошта шудааст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд