Имон дар даруни ҳар яке аз шумо фарсуда мешавад, ҳамонгуна ки либос фарсуда мешавад, пас аз Худованд бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо таҷдид кунад...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Имон дар даруни ҳар яке аз шумо фарсуда мешавад, ҳамонгуна ки либос фарсуда мешавад, пас аз Худованд бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо таҷдид кунад".
Sahih/Authentic. - Al-Haakim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ кардаанд, ки имон дар дили мусалмон фарсуда ва заъиф мешавад, ҳамонгуна ки либоси нав бар асари истифодаи тулонӣ куҳна ва фарсуда мешавад. Заъиф ва фарсуда шудани имон аз сабаби сустӣ дар адои ибодатҳо ва фурӯ рафтан дар гуноҳон ва шаҳватҳо ба миён меояд. Бинобар ин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо дастур ва иршод додаанд то бо адои фароиз ва бештар зикру истиғфор кардан аз Худованд бихоҳем имони моро таҷдид бифармояд.

Benefits from the Hadith

  1. Талаб кардан аз Худованд барои пойдорӣ дар имон ва таҷдиди он дар қалбҳо, бояд ташвиқ карда шавад.
  2. Имон қавл, амал ва эътиқод аст, ки бо тоъат кардан зиёд ва бо гуноҳ кардан кам мешавад.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд