Мисоли як мунофиқ монанди гӯсфанде аст, ки миёни ду рама саргардон аст, гоҳ ба сӯи ин рама ва гоҳ ба сӯи рамаи дигар медавад

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ривоят аст, ки гуфт: "Мисоли як мунофиқ монанди гӯсфанде аст, ки миёни ду рама саргардон аст, гоҳ ба сӯи ин рама ва гоҳ ба сӯи рамаи дигар медавад"
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳоли шахси мунофиқро чунин баён намудааст, ки ӯ мисли як гӯсфанди саргардон аст, ки намедонад ба сӯи кадом яке аз рамаҳо биравад. Гоҳ ба тарафи ин рама меравад гоҳ ба тарафи рамаи дигар. Мунофиқон дар миёни куфр ва имон ҳайрон ва саргардонанд, на дар зоҳир ва ботин бо мӯъминонанд ва на бо кофирон, дар зоҳир бо мӯъминонанд ва дар ботин дар шакку тардид, гоҳ майл ба сӯи инҳо мекунанд ва гоҳҳо ба сӯи онҳо.

Benefits from the Hadith

  1. Яке аз роҳнамудҳои Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) овардани зарбулмасалҳо барои бештар баён кардани маонӣ аст.
  2. Шарҳи ҳоли мунофиқон дар мавриди дудилагӣ ва бесуботии онҳо.
  3. Ҳушдор аз ҳоли мунофиқон ва ташвиқ бар ростӣ ва устуворӣ дар имон, чи дар зоҳир бошад ва чи дар ботин.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд