зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! Ибни Ҷудъон дар замони ҷоҳилият силаи раҳм (робитаи хешутаборӣ) бар ҷой меовард ва бар мискинон таъом медод, оё ин амалаш ба ӯ суд дорад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ба ӯ ҳеҷ нафъе надорад, зеро ӯ ҳеҷ гоҳ нагуфтааст: Парвардигоро рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз"
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди Абдуллоҳ ибни Ҷудъон, ки пеш аз Ислом яке аз бузургони Қурайш буд ва робитаи хешутабориро ба ҷой меовард ва ба онҳо некӣ мекард, ба бенавоён таом медод ва дигар корҳои нек, ки ислом ба онҳо ташвиқ намудааст, анҷом медод, хабар додааст, ки ин амалҳояш барои ӯ дар рӯзи қиёмат ҳеҷ нафъе нахоҳанд дод, зеро ӯ ба Худованд имон наоварда буд ва боре ҳам нагуфта буд: Парвардигоро дар рӯзи қиёмат гуноҳони маро биёмӯрз.

Benefits from the Hadith

  1. Фазилати имон ва баёни инки имон шарти қабули амалҳо аст.
  2. Баёни бад будани куфр ва баёни инки куфр амалҳои некро барбод медихад.
  3. Амалҳои неки кофирон ҳеҷ нафъе барояшон нахоҳад бахшид, зеро онҳо ба Худованд ва рӯзи қиёмат имон надоранд.
  4. Амалҳои неки як инсон пас аз ислом оварданаш дар номаи аъмолаш сабт ва барояш подош хоҳад дошт.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд