Худованд агар муқаддар созад, ки банда дар сарзамин ё ҷои дигаре бимирад, барои ӯ дар онҷо ҳоҷат ва ниёзе қарор медиҳад

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Матар ибни Укомис (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд агар муқаддар созад, ки банда дар сарзамин ё ҷои дигаре бимирад, барои ӯ дар онҷо ҳоҷат ва ниёзе қарор медиҳад".
Sahih/Authentic. - At-Tirmidhi

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки Худованд агар марги бандаеро дар сарзамине муқаррар сохта бошад, ки худи ӯ дар он сарзамин ҳузур надорад, барои ӯ дар он сарзамин ниёз ва ҳоҷате қарор медиҳад, ки банда ба онҷо меояд ва дар онҷо қабзи руҳ мешавад.

Benefits from the Hadith

  1. Ин ҳадис худ мисдоқи сухани Худованд аст, ки мефармояд: "Ва ҳеҷ кас намедонад, ки дар кадом сарзамин мемирад".

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд