Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Асмоа духтари Абубакр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ман (рӯзи қиёмат) назди ҳавз ҳастам, то бубинам кадоме аз шумо ба назди ман ворид мешавед ва иддаеро аз назди ман мебаранд ва ман мегӯям: Парвардигоро! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд, гуфта мешавад: оё медонӣ пас аз ту чи амалҳое анҷом додаанд? Савганд ба Аллоҳ онҳо дини худро тарк карда ба ҳоли аввалии худ бармегаштанд"
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён медоранд, ки ӯ рӯзи қиёмат дар назди ҳавз аст то бубинад, ки чи касе аз умматонаш ба назди ҳавз меояд, баъзе аз мардумон аз назди ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бурда мешаванд ва Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯяд: Парвардигорам! Онҳо аз ман ва аз уммати ман ҳастанд. Ба Паёмбар гуфта мешавад: Оё медонӣ пас аз шумо чи амалҳое анҷом медоданд? Савганд ба Аллоҳ онҳо дини худро тарк карда ба ҳоли аввалии худ бармегаштанд, онҳо на аз ту ва на аз уммати ту ҳастанд.

Benefits from the Hadith

  1. Шафқат ва меҳрубонии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар умматони худ ва таваҷҷуҳи ӯ нисбат ба онҳо.
  2. Хатари мухолифат бар ончи, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо овардааст.
  3. Даъват барои риоя ва чанг задан ба суннати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод).

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд