Паҳноӣ ҳавзи ман ба андозаи як моҳ роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир ва бӯяш хушбӯтар аз миск аст

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Паҳноӣ ҳавзи ман ба андозаи як моҳ роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир ва бӯяш хушбӯтар аз миск аст, кӯзаҳои он монанди ситорагони осмон ҳастанд, касе аз он бинӯшад дигар ҳаргиз ташна намешавад"
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки рӯзи қиёмат соҳиби ҳавзе ҳастанд, ки паҳноӣ ва дарозии он ба андозаи як моҳа роҳ рафтан аст, обаш сафедтар аз шир, бӯяш хуштар аз бӯйи миск ва шумори кӯзаҳои он ба андозаи ситораҳои осмон аст. Касе аз он ҳавз бо он кӯзаҳо об бинӯшад дигар ҳаргиз ташнагиро нахоҳад дид.

Benefits from the Hadith

  1. Ҳавзи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) як ҳавзи бисёр пуроб ва лабрез аст, ки мӯъминони уммати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) рӯзи қиёмат аз он об менӯшанд.
  2. Саодат насиби касе мешавад, ки аз он ҳавз менӯшад ва дигар ҳаргиз ташнагиро нахоҳад дид.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд