Аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки илм аз байн меравад ва ҷаҳлу нодонӣ зиёд мегардад, зино ва шаробнӯшӣ бештар ривоҷ меёбад, мардон кам ва занон зиёд мешаванд, то инки барои панҷоҳ зан як сарпараст (мард) мерасад...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Анас (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: барои шумо ҳадисеро, ки аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам мегӯям, ки ғайр аз ман касе онро ба шумо нахоҳад гуфт: аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт: "Аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки илм аз байн меравад ва ҷаҳлу нодонӣ зиёд мегардад, зино ва шаробнӯшӣ бештар ривоҷ меёбад, мардон кам ва занон зиёд мешаванд, то инки барои панҷоҳ зан як сарпараст (мард) мерасад".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудааст, ки аз нишонаҳои наздик шудани қиёмат аз байн рафтани илми шариъат аст, ки бо сабаби марги уламо ба миён меояд. (Зеро бо сабаби марги уламо илми шариат аз байн рафта ҷои онро ҷаҳлу нодонӣ фаро мегирад), ки дар натиҷаи он, ҷаҳлу нодонӣ бештар мегардад, зино ва фоҳишагӣ бештар ривоҷ ёфта шаробнӯшӣ ба авҷи худ мерасад. Шумори мардон кам ва аз занон зиёд мешавад, то онҷо, ки барои ҳар панҷоҳ зан як мард хоҳад буд, ки ба кор ва умури онҳо расидагӣ мекунад.

Benefits from the Hadith

  1. Баёни баъзе аз нишонаҳои қиёмат.
  2. Замони вуқӯъи қиёмат аз илмҳои ғайбӣ аст, ки Худованд онро ба худ ихтисос додааст.
  3. Улуми шариат қабл аз онки аз байн биравад, бояд ба таври ҳатмӣ фаро гирифта шавад.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд