Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд мӯъмини некӯкорро зулм намекунад, барои амалҳои некаш дар дунё ато карда мешавад ва дар охират подоши нек барояш хоҳад дошт. Аммо кофир барои некиҳояш дар дунё рӯзӣ дода мешавад ва барои охират чизе аз некиҳояш намемонад то барояш подош дода шавад".
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) лутфи бузурги Худовандро бар мӯъминон ва адлаш бар кофиронро баён медорад. Аз подоши амалҳои неки мӯъмин кам карда намешавад, балки дар баробари итоат аз авомири Худованд дар дунё некӣ ва барои охират подош хоҳад дошт, ва шояд ҳам тамоми подошҳо барои охирати ӯ сабт ва ҳифз карда шавад. Аммо Худованд подоши некиҳои кофиронро ба некӣ дар дунё мубаддал мегардонад ва барои охират чизе барояшон боқӣ нахоҳад монд, зеро амали нек, ки дар дунё ва охират судманд аст бояд аз ҷониби шахси мӯъмин анҷом шавад.

Benefits from the Hadith

  1. Ҳар касе дар ҳоли куфр бимирад, ҳеҷ амале барояш (дар охират) судманд нахоҳад буд.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд