Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст би...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шайтон назди яке аз шумо меояд ва мегӯяд: инро кӣ офарид? онро кӣ офарид? Ҳатто дар ниҳоят мепурсад: Парвардигори туро кӣ офарид? Чун агар яке аз шуморо чунин пурсише пеш ояд, ба Худо паноҳ бибарад ва аз идома додан ба чунин пурсише даст бикашад".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim

Шарҳ

Инҷо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди илоҷ ва дармони судманд бар саволҳои васвасаомези шайтон бар муъмин огаҳ сохтааст. Шайтон мегӯяд: кӣ инро офаридааст? Кӣ он чизро офаридааст? Осмонро кӣ офарид? Заминро кӣ офарид? Мӯъмини ростин мегӯяд: Аллоҳ онҳоро офаридааст. Аммо Шайтон бо ин ҳама иктифо накарда бо пурсишҳои васвасаомезаш идома дода мегӯяд: Худои туро кӣ офаридааст? Барои мӯъминон се роҳӣ дурӣ ҷустан аз васвасаҳо вуҷӯд дорад, ки иборатанд аз: - Имон ба Худо. - Паноҳ бурдан ба Худованд аз Шайтон. - Худдорӣ аз андешидан дар мавриди васвасаҳои шайтонӣ.

Benefits from the Hadith

  1. Худдорӣ аз васвасаҳои шайтонӣ ва наандешидан дар мавриди онҳо, ва рӯй овардан ба Худованди Мутаъол барои рафъи онҳо.
  2. Тамоми васваса ва андешаҳои мухолиф бо шаръ, ки дар дили инсон пайдо мешавад, аз ҷониби Шайтон аст.
  3. Худдорӣ аз андешидан дар зоти Худованд ва ташвиқ бар андешидан ва тадаббур дар мавриди офариниш ва нишонаҳои Ӯ Таъоло.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд