ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст, ки найранги ӯро ба васваса табдил дод

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй Расули Худо! Яке аз мо дар худ чизеро эҳсос мекунад -бо дастонаш ишора карда-, ки хокистар шудан барояш авлотар аз он аст, ки онро ба забон биёрад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд бузург аст, Худованд бузург аст, ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст, ки найранги ӯро ба васваса табдил дод".
Sahih/Authentic. - Abu Dawood

Шарҳ

Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: Эй расули Худо: Яке аз мо дар дили худ чизе дорад, ки ба забон овардани он барояш бисёр сахт аст, то ҷое, ки сухтан ва хокистар шудан барояш беҳтар аз сухан гуфтан дар мавриди он аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду бор такбир гуфтанд ва шукри Худовандро ба ҷой оварданд, ки Худованд найранги шайтонро ба васваса табдил дод.

Benefits from the Hadith

  1. Дар баёни инки Шайтон ҳамеша дар камини муъминон аст, то онҳоро бо васваса аз имон ба куфр баргардонад.
  2. Баёни нотавонии Шайтон дар баробари мӯъминон, ки танҳо ва танҳо тавони васвасаро дорад.
  3. Мӯъмин ҳамеша бояд дур аз васвасаи шайтон бошад.
  4. Ҷоиз будани такбир (гуфтани "Худо бузург аст") ҳангоми мувоҷеҳ шудан бо кори писандида ва шигифтангез.
  5. Машрӯъияти пурсиш аз уламо дар ҳоли надонистани масоиле, ки барои мусалмон муҳим аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд