Агар банда бемор ё мусофир шавад, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар хона ва бо тани сиҳат анҷом медод

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абумусои Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Агар банда бемор ё мусофир шавад, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар хона ва бо тани сиҳат анҷом медод".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз фазл ва раҳмати Худованд мегӯяд, ки агар мусалмон дар ҳоли тансиҳатӣ ва иқоматаш ба адои амали нек одат карда бошад, сипас барои ӯ узре пеш ояд, ба монанди беморӣ ва сафар, ки аз адои он амал оҷиз ояд, барояш ҳамон подош ва савобе навишта мешавад, ки дар ҳоли тансиҳатӣ ва иқоматаш анҷом медод.

Benefits from the Hadith

  1. Фаровонии фазл ва неъмати Худованд бар бандагонаш.
  2. Ташвиқ ба кӯшиш дар анҷоми ибодот ва аъмоли нек ва истифода аз вақт дар ҳоли тандурустӣ.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд