Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки мегуфт: "Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"
Sahih/Authentic. - Ibn Maajah

Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро ташвиқ мекунад, ки дар талаби нафъ ва дур кардани зарар дар умури дин ва дунёи худ, ба Худованди Мутаъол таваккул кунем, зеро касе ато намедиҳад, боз намедорад, суд ва зиён намебахшад магар Ӯ Таъоло. Мо бояд ба таваккул кардани холисона бар Худо амалҳоеро анҷом диҳем, ки дар он ҷалби манфиат ва дафъи зарар бошад. Чун агар мо ин корро анҷом диҳем Худованд ба мо рӯзӣ медиҳад, он гуна ки парандагон саҳаргоҳ аз лонаҳо бо шиками гурусна берун меоянд ва шомгоҳ бо шиками сер бармегарданд. Ин амали парандагон навъе аз асбоби талош барои талаби ризқ ва рӯзӣ бидуни вобастагӣ ва танбалӣ аст.

Benefits from the Hadith

  1. Фазилати ба Аллоҳ таваккал кардан ва инки таваккал кардан ба Аллоҳ аз бузургтарин сабабҳои ҷалби ризқ аст.
  2. Таваккул мунофот бо амал кардан ба асбоб надорад, зеро Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки таваккал кардани ростин муқобил бо саъю талош дар талаби ризқ нест.
  3. Аҳамият додани шариат ба амалҳои қалбӣ, зеро таваккал кардан худ аз амалҳои қалбӣ аст.
  4. Такя кардан фақат ба сабабҳо кӯтоҳӣ дар дин ва тарки сабабҳо кӯтоҳӣ дар ақл аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд