Ғазаб накун

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: Марде ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: маро насиҳат кун. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун". Он мард чанд бор аз Паёмбар насиҳат хост, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ғазаб накун".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari

Шарҳ

Яке аз саҳобагон аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хост ӯро ба коре, ки манфиат бахшад роҳнамои кунад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ гуфт: "Ғазаб накун", яъне аз амалҳое, ки сабаби ба вуҷуд омадани хашму ғазаб мешавад дурӣ кунад, агар асабонӣ мешавад саъй кунад оташи ғазабашро фурӯ нишонад, то кор ба куштан, задан, дашном додан ва ғайра нарасад. Он мард чанд бор насиҳат хост, аммо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чизе ҷуз "Ғазаб накун" изофа нафармуд.

Benefits from the Hadith

  1. Огоҳӣ аз ғазаб кардан ва сабабҳои он, зеро ғазаб бадиҳо дар пай дорад ва ҳазар аз он сабаби руидани некиҳост.
  2. Аммо ғазаб барои Худованд, ба монанди ба ғазаб омадан дар ҳоли поймол шудани фармудаҳои Аллоҳ, мавриди ситоиш аст.
  3. Такрори сухан агар ба он ниёз бошад, то шунаванда аз он огоҳ шавад ва ба аҳамияти он пай бибарад.
  4. Фазилати талаби насиҳат аз донишмандон.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд