Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абубакра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд". Гуфтам: Эй Расули Худо ин қотил аст, аммо гуноҳи мақтул чист? Фармуданд: "Ӯ низ мехост ҷониби муқобилро бикушад".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки агар ду мусалмон шамшер ба даст дар муқобили ҳамдигар қарор гирифтанд ва ҳар як қасди куштани дигарро дошт, пас қотил ба сабаби куштани ҳариф дар оташи дӯзах аст. Саҳобагон бо тааҷҷуб аз сабаби дохил шудани шахси кушташуда ба дӯзах пурсиданд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки ӯ низ аз аҳли дӯзах аст, зеро ӯ ҳам қасди куштани ҳарифашро дошт, магар инки ҷониби муқобил сабқат намуда ӯро кушт.

Benefits from the Hadith

  1. Касе қасди анҷоми гуноҳе дар қалби худ дорад ва барои анҷоми он дастбакор шуд (агарчи муваффақ ба анҷом додани он ҳам нашавад) сазовори ҷазо аст.
  2. Ҳӯшдори шадид аз ҷанг бо мусалмонон ва ваъдаи дӯзах барое касоне, ки даст ба ин амал мезананд.
  3. Аммо агар ҷанг бо гурӯҳе аз саркашон ва фасодкорони ин уммат бошад, пас шомили ваъдаи мазкур намегардад.
  4. Ба касе, ки гуноҳи кабира анҷом медиҳад, кофир гуфта намешавад, зеро Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду нафари дар ҳоли ҷанг бо ҳамдигарро мусалмон номидааст.
  5. Агар ду мусалмон бо ҳар навъ силоҳ ва ё василаи дигар дар муқобили ҳам қарор бигиранд ва яке дигариро бикушад, қотил ва мақтул ҳарду сазовори дӯзах ҳастанд. Зикр шудани шамшер дар ҳадиси мазкур барои мисол аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд