Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад. Ӯ дар ҳоле бо Худованд мулоқот мекунад, ки ӯро бахшидааст".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди марде мегӯяд, ки ба мардум қарз медод ё бо қарз ба онҳо мол медод, ва ба ғуломи худ, ки қарзи ӯро аз мардум мегирифт, мегуфт: Агар назди касе рафтӣ, ки тавони пардохти қарзи худро надорад "аз ӯ бигзар" ё ба ӯ муҳлат бидеҳ ва дар гирифтани қарз пойфишорӣ накун, ё тавони пардохти ҳар миқдоре аз молро дорад бипазир, ки шояд ба сабаби он Худованд аз мо бигзарад ва мавриди бахшиш қарор бидиҳад. Чун он мард вафот кард, Худованд ӯро авф ва аз гуноҳонаш даргузашт.

Benefits from the Hadith

  1. Муомилаи нек бо мардум ва гузашт дар тангдастӣ, аз бузургтарин асбоби наҷоти банда дар рӯзи қиёмат аст.
  2. Некӣ ба мардум, ихлос дар амал ва умед бастан ба раҳмати Худованд аз сабабҳои омӯрзиши гуноҳон аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд