Худованд раҳмат кунад мардеро, ки дар хариду фурӯш ва дар бозпасгирии қарзи худ осонгир аст

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд раҳмат кунад мардеро, ки дар хариду фурӯш ва дар бозпасгирии қарзи худ осонгир аст".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои касоне, ки дар хариду фурӯш осонгир ва саховатманду некрафтор ҳастанд, дуои нек фармуданд. Дар вақти фурӯш бо муштарӣ некрафтор бошад ва ба қимати муносиб ба ӯ бидиҳад. Агар аз дигарон чизе мехарад саховатманд бошад ва қимати моли онҳоро беарзиш накунад. Дар талаби қарзи худ сахтгир набошад, балки бо нармӣ ва мардонагӣ онро талаб кунад ва то метавонад ба ӯ мӯҳлати бештар диҳад, дар баробари фақирону бенавоён сангдил ва сахтгир набошад.

Benefits from the Hadith

  1. Яке аз ҳадафҳои шариат, ҳифз ва нигоҳ доштани ончи боиси беҳтар шудани муносибот байни мардум мешавад, аст.
  2. Ташвиқ ба корбурди ахлоқи нек дар муомилот байни мардум, ба монанди хариду фурӯш ва амсоли он.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд