Дӯзах бо шаҳватҳо иҳота шудааст ва биҳишт бо нохӯшояндҳо

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дӯзах бо шаҳватҳо иҳота шудааст ва биҳишт бо нохӯшояндҳо".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки дӯзах бо чизҳое иҳота шудааст, ки нафси инсон ба он майл дорад, монанди корҳои ҳаром ва кӯтоҳӣ дар анҷоми воҷибот. Бинобар ин ҳар касе пайравӣ аз ҳаво ва нафси худ кунад сазовори дӯзах мегардад, Биҳишт бо чизҳое иҳота шудааст, ки нафси инсониро аз он хӯш намеояд, ба монанди сабр дар анҷоми амалҳо ва даст кашидан аз ҳаром. Пас ҳар касе талош варзад то худро аз он боздорад, сазовори дохил шудан ба биҳишт мегардад.

Benefits from the Hadith

  1. Яке аз сабабҳои воқеъ шудан дар шаҳватҳо, зебо ҷилва додани амалҳои зишту мункар аз ҷониби шайтон аст, то нафси инсон ба он бештар майл кунад.
  2. Фармони дурӣ аз ҳавову ҳавасҳое, ки шариат ҳаром гардонидааст, зеро он роҳе аст ба сӯи ҷаҳаннам, ва сабр бар сахтиҳо, ки он роҳе ба сӯи биҳишт аст.
  3. Фазилати ҷиҳод бо нафс, ва талош дар анҷоми ибодатҳо ва сабр бар сахтӣ ва машаққатҳое, ки атрофи ибодатҳоро фаро гирифтаанд.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд