Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯянд, биҳишт ва дӯзах ба андозаи банди кафшҳо, ки пушти пой аст, ба инсон наздик аст, чун мумкин аст инсон амале анҷом медиҳад, ки сабаби ризои Худованд гашта ба сабаби он вориди биҳишт мешавад, ё муртакиби гуноҳе мешавад, ки ӯро вориди дӯзах мекунад.

Benefits from the Hadith

  1. Ташвиқ ба анҷом додани амали нек, агарчанд андак бошад, ва бим додан аз амали бад, агарчанд ҳам андак бошад.
  2. Зиндагии мусалмон бояд ҳамеша миёни тарс ва умед бошад, ҳамеша аз Худованд устуворӣ бар ҳақро талаб кунад ва мағрури ҳоли худ нагашта худро таслими ҳақ намояд.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд