Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Саҳл ибни Саъд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод ) фармуданд: "Ҳар кӣ барои ман миёни риш ва бурут (яъне даҳонашро) ва миёни ду пой (яъне шармгоҳашро) кафолат диҳад (ки ба он ду муртакиби гуноҳ намешавад), ман барояш биҳиштро кафолат медиҳам".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ду чиз хабар додааст, ки агар мусалмон ба он пойбанд бошад, вориди биҳишт мешавад. Якум: ҳифзи забон аз сухане ки боиси хашму ғазаби Аллоҳ мешавад. Дуввум: ҳифзи шармгоҳ аз воқеъ шудан дар фаҳшо (зино). Зеро инсон бо ин ду узв бештар муртакиби гуноҳ мешавад.

Benefits from the Hadith

  1. Ҳифзи забон ва шармгоҳ, роҳи расидан ба биҳишт аст.
  2. Дар ин ҳадис аз забон ва шармгоҳ ба шакли вижа ном бурда шудааст, зеро барои инсон онҳо бузургтарин мусибат дар дунё ва охират ҳастанд.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд