Руқия (-и ғайри шаръӣ), тумор ва тивала (барои муҳаббат андохтан дар қалби яке аз ҳамсарон барои дуст доштани ҷониби дигар) ширк аст

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Руқия (-и ғайри шаръӣ), тумор ва тивала (барои муҳаббат андохтан дар қалби яке аз ҳамсарон барои дуст доштани ҷониби дигар) ширк аст".
Sahih/Authentic. - Ibn Maajah

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амалҳоеро, ки анҷом додани онҳо ширк аст, баён фармуданд, аз ҷумла: Аввал: Руқия (-и ғайри шаръӣ), яъне суханоне, ки дар он ширк аст ва аҳли ҷоҳилият онро ба хотири шифо ёфтан мехонданд. Дуввум: Тумор, яъне мӯҳра ва дигар чизҳое, ки барои дафъи чашм дар тани кӯдакон ва ҳайвонот меовезанд. Севум: Тивала, ки барои муҳаббат андохтан ва дӯст доштани яке аз ҳамсарон барои дигаре сохта мешавад. Ин чизҳо аз ҷумлаи ширк ҳастанд, зеро як чизро бе ягон далели шаръӣ ва ё далели ҳиссӣ, сабаби шаръӣ ва ҳиссӣ қарор медиҳад. Аммо дар мавриди сабабҳои шаръӣ, монанди Қуръон хондан ё сабабҳои ҳиссӣ, монанди доруҳое ки бо таҷриба ва озмоиш собит шудааст, ба шарти танҳо як сабаб донистани он ва инки нафъ ва зарар ба дасти Аллоҳ аст, ҷоиз аст.

Benefits from the Hadith

  1. Ҳифз ва нигоҳ доштани эътиқод ва тавҳид аз ончи онро ноқиз мекунад.
  2. Истифода аз руқияҳои ширкӣ, тумору муҳраҳо ва таъвизаҳои муҳаббат, ҳаром аст.
  3. Эътиқод бар инки се амали мазкур аз ҷумлаи асбоб ҳастанд, ширки асғар (ширки хурд) аст, чун ончи ки сабаб буда наметавонад, сабаб қарор додааст. Аммо агар бар ин бовар бошад, ки худи онҳо зарар ва фоида мерасонанд, ширки акбар (ширки бузург) аст.
  4. Огоҳӣ аз анҷоми амалҳои ширк ва ҳаром.
  5. Наҳй аз Руқия ва баёни инки он аз ширкиёт аст, магар руқияи шаръӣ, ки он ҷоиз аст.
  6. Дили банда бояд танҳо ба Худои якто баста бошад, зеро нафъ ва зиён танҳо аз ҷониби Худованди ягона аст, касе ҷуз Ӯ хайр ва некӣ намеорад ва ҷуз Ӯ Таъоло касе бадиро дафъ намекунад.
  7. Руқия бо се шарт ҷоиз аст:
  8. 1- Бар ин бовар бошад, ки руқия танҳо як сабаб аст ва нафъ ба дасти Худованд аст.
  9. 2- Руқия бояд иборат аз оятҳои қуръонӣ, номҳо ва сифатҳои Аллоҳ ва дуоҳои набавӣ ва машруъ бошад.
  10. 3- Бояд ба забони қобили фаҳм бошад ва шомили ҷоду ва тилисмҳо набошад.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд