Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то онҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст,ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамвора Ҷабраил маро дар мавриди ҳамсоя тавсия мекард, то онҷо ки гумон кардам ӯро меросбар хоҳад кард."
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармоянд, ки Ҷабраил ҳамвора масъалаи таваҷҷуҳ ба ҳамсояро барояшон такрор мекарданд ва ӯро ба ин кор амр мекарданд ва дар бораи ҳаққи ӯ ва озор нарасонидан ба ӯ онқадар тавсия медоданд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гумон карданд дар мавриди пас аз марг меросбар қарор гирифтани ҳамсоя ваҳй нозил хоҳад шуд.

Benefits from the Hadith

  1. Азамати ҳаққи ҳамсоя ва зарурати таваҷҷуҳ ба он.
  2. Борҳо ва бо таъкид тавсия намудан барои ҳаққи ҳамсоя зарурати эҳтироми ӯ, меҳрубонӣ бо ӯ, некӣ кардан ва дур кардани зиён аз ӯ, аёдати ӯ дар ҳоли беморӣ, табрик кардан дар ҳоли хушҳолӣ ва тассалият гуфтани ӯ дар ҳангоми мусибатро тақозо мекунад.
  3. Ба ҳар андоза, ки дарвозаи ҳамсоя наздиктар бошад ба ҳамон андоза таъкид бар ҳифзи ҳаққи ӯ бештар мешавад.
  4. Камоли шариъат дар ончи ба ҷомеа нафъ мерасонад аст, монанди некӣ ва эҳсон ба ҳамсоягон ва дафъи зарар аз онон.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд