На ба худ ва на ба дигарон зиён нарасонед, касе зиён бирасонад Аллоҳ ба ӯ зиён мерасонад ва касе машаққат бирасонад Аллоҳ ба ӯ машаққатро раво дорад...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абусаъиди Худрӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "На ба худ ва на ба дигарон зиён нарасонед, касе зиён бирасонад Аллоҳ ба ӯ зиён мерасонад ва касе машаққат бирасонад Аллоҳ ба ӯ машаққатро раво дорад".
Sahih/Authentic. - Ibn Maajah

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҷилавгирӣ аз осеб ва зуҳуроти он ба худ ва бар дигарон лозим аст, ва барои касе ҷоиз нест бар худ ва на бар дигарон зарар бирасонад. Ҷоиз нест посухи зарар бо зарар бошад, зеро зарар бо расонидани зарар бартараф намешавад, магар аз роҳи қасос ва бидуни таъадӣ. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён доштанд, ки касе ба мардум зарар мерасонад зарар хоҳад дид, ва касе машақат бар мардум меорад машақат хоҳад дид.

Benefits from the Hadith

  1. Наҳй аз муҷозоте ки бештар аз ҳад (-и шаръӣ) бошад.
  2. Худованд бандагонро ба чизе, ки бар зиёни онҳо тамом мешавад, амр нафармудааст.
  3. Зарар расонидан бар худ ва бар дигарон, бо забон бошад ва ё амал, ҳаром аст.
  4. Муҷозот аз ҷинси амал аст, ҳар кӣ зиён расонад Худованд ба ӯ зиён мерасонад ва ҳар кӣ душворӣ ба мардум орад Худо бар ӯ душворӣ меорад.
  5. Яке аз қоидаҳои шариъат ин аст, ки "Зарар бартараф карда мешавад". Шариат зарарро қабул надорад, ва зарар расонидан бар дигаронро инкор мекунад.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд