Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Онки пайванди хешовандиро нигоҳ медорад, на он аст, ки муомилаи ба мисл кардааст, балки ӯ касе аст, ки чун аз ӯ риштаи хешовандӣ катъ шавад онро васл менамояд"
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки касе ба таври комил робитаи хешовандиро ба ҷой меорад ва ба наздикони худ ба некӣ рафтор мекунад, ӯ аз ҷумлаи касоне нест, ки некиро дар муқобили некӣ анҷом медиҳанд, балки касе, ки риштаи хешовандиро ба таври комил ба ҷой меорад дар ҳақиқат касе аст, ки чун дигарон робитаашон бо ӯро қатъ кунанд ӯ онро пайваста нигоҳ медорад, агар яке аз хешовандон ба ӯ бадӣ кунад ӯ дар муқобил ба некӣ посух медиҳад.

Benefits from the Hadith

  1. Робитаи хешовандии мӯътабар дар шариати мо ҳамон аст, ки чун он дар баробари ту қатъ карда шавад ту онро нигоҳ дорӣ, касоне, ки ба ту ситам карданд авф кунӣ ва ба касоне, ки туро аз чизе махрум сохтаанд, ато кунӣ, на инки подош танҳо дар муқобили подош ва некӣ анҷом дода шавад.
  2. Робитаи хешовандӣ бо анҷоми некие, ки дар тавон аст, ба монанди дуои нек, додани мол, амри ба маъруф ва наҳй аз мункар ва ба қадри тавон дафъ кардани бадиҳо аз онҳо, ба даст меояд.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд