Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз рамазон то рамазони дигар ва дар ҳоли дурӣ аз кабоир, кафорати гуноҳони байни онҳо мегардад...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Намозҳои панҷгона, аз ҷумъа то ҷумъаи дигар ва аз рамазон то рамазони дигар ва дар ҳоли дурӣ аз кабоир, кафорати гуноҳони байни онҳо мегардад".
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намудаанд, ки намозҳои панҷгона, ва дар як ҳафта як маротиба намози ҷумъа ва дар як сол рӯза доштани моҳи Рамазон, кафорат ва поккунандаи гуноҳони сағира ҳастанд, ки банда дар ин миён анҷом медиҳад, ба ин шарт, ки аз гуноҳони кабира бипарҳезад. Аммо гуноҳони кабира, ба монанди зино ва шаробнӯшӣ ба ҷуз тавба пок намешаванд.

Benefits from the Hadith

  1. Гуноҳон ду қисм ҳастанд: гуноҳони кабира (бузург) ва гуноҳони сағира (хурд).
  2. Шарти пок шудани гуноҳони сағира парҳез ва дурӣ аз гуноҳони кабира аст.
  3. Гуноҳони кабира, монанди зино ва шаробнӯшӣ, аз ҷумлаи гуноҳоне ҳастанд, ки барои онҳо дар дунё ҳадди шаръӣ ва ё дар охират ваъдаи азоб ё гирифторӣ ба ғазаби Худо ё мавриди лаънат қарор гирифтан, муайян шудааст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд