Мисвок поккунандаи даҳон ва писандида назди Худованд аст

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Мисвок поккунандаи даҳон ва писандида назди Худованд аст".
Sahih/Authentic. - An-Nasaa’i

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки мисвок задани дандонҳо бо чуби дарахти арок ва дарахтони дигари ҳаммонанди он, даҳонро аз чирк ва бӯйҳои нохуш пок мекунад. Мисвок задан яке аз сабабҳои хушнудии Парвардигор аст, ки дар он тоат аз Аллоҳ ва пайравӣ аз фармудаҳои Ӯ Таъоло аст, зеро покӣ ва назофат худ аз амалҳои маҳбуби Худованд аст.

Benefits from the Hadith

  1. Фазилати мисвок задан ва ташвиқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) уммати худ барои бисёр анҷом додани он.
  2. Барои мисвок истифода аз чуби дарахти арок беҳтар аст ва истифода аз хамирдандон низ боке надорад.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд