Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наовардааст, вориди биҳишт мешавад, ва ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик қоил бошад вориди дӯзах хоҳад шуд...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки: марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва пурсид: Эй Паёмбари Худо! Он ду воҷиб кадомҳоянд? Паёмбар фармуданд:" Ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик наовардааст, вориди биҳишт мешавад, ва ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Худованд шарик қоил бошад вориди дӯзах хоҳад шуд".
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди ду хислат, ки яке инсонро ба биҳишт ва дигаре ба дӯзах мебарад чист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар посух ба ӯ гуфтаанд: Хислате, ки инсонро ба биҳишт мебарад ин аст, ки банда дар ҳоле бимирад, ки танҳо Худовандро ибодат кунад ва касеро бо Ӯ шарик қарор надиҳад. Аммо хислате ки инсонро ба дӯзах мебарад, ин аст, ки ӯ дар ҳоле мемирад, ки ба Худованд чизеро шарик қарор медиҳад, барои Худованд дар улуҳият, рубубият ва номҳо ва сифатҳои Ӯ Таъоло монанд ва шарик қоил шавад.

Benefits from the Hadith

  1. Фазилати яктопарастӣ ва инки ҳар касе ба Худованд шарик қоил нашавад ва бар ин эътиқод вафот кунад, аз аҳли биҳишт аст.
  2. Хатари ширк ва инки ҳар касе ба Худованд шарик қоил шавад ва бар ин эътиқод вафот кунад аз аҳли дӯзах аст.
  3. Гунаҳгорони мӯъмин зери иродат ва машиати Худованд ҳастанд, агар Ӯ Таъоло хоҳад онҳоро азоб медиҳад ва агар хоҳад мебахшад ва дар охир бозгашташон ба биҳишт аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд