агар намозҳои фарз (намозҳои панҷгона)-ро ба ҷо орам, моҳи рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол ва ҳаромро ҳаром бидонам

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Ҷобир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст: марде аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсид: оё ман агар намозҳои фарз (намозҳои панҷгона)-ро ба ҷо орам, моҳи рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол ва ҳаромро ҳаром бидонам, ва бар он чизеро зиёд накунам, оё бароям басанда аст аз аҳли биҳишт бошам? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Оре". Он мард гуфт: Қасам ба Аллоҳ чизеро бар он зиёд нахоҳам кард.
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин ҳадиси муборак баён медорад, ки ҳар касе намозҳои панҷгонаро адо кунад, агарчи намозҳои нафлӣ нахонад, ва моҳи рамазонро рӯза дорад ва рӯзаи нафлӣ нагирад, ҳалолро ҳалол донад ва онро анҷом диҳад ва ҳаромро ҳаром донад ва аз он дурӣ ҷуяд, дохили ҷаннат хоҳад шуд.

Benefits from the Hadith

  1. Мусалмон бояд дар анҷоми фароиз ва тарки амалҳои ҳаром шавқманд бошад ва ҳадаф аз он дохил шудан ба биҳишт бошад.
  2. Аҳамияти анҷом додани амали ҳалол ва муътақид будан бар онки он як амали ҳалол аст, ва ҳаром донистани амали ҳаром ва муътақид будан бар онки як амали ҳаром аст.
  3. Адои воҷибот ва тарки муҳаррамот сабаби дохил шудан ба биҳишт аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд