Касе ки исломаш некӯ бошад - некӯӣ дар ислом ба маънои пойбанд будан дар дин ва тарки гуноҳон аст - ба ончи дар замони ҷоҳилият анҷом додааст бозхост нахоҳад шуд, (баробар аст, ки гуноҳ кабира бошад, монанди зино ва куштор, ё аз гуноҳони с...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Марде пурсид: Эй Расули Худо: Оё барои ончи дар замони ҷоҳилият анҷом додаем, пурсида хоҳем шуд? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касе ки исломаш некӯ бошад - некӯӣ дар ислом ба маънои пойбанд будан дар дин ва тарки гуноҳон аст - ба ончи дар замони ҷоҳилият анҷом додааст бозхост нахоҳад шуд, (баробар аст, ки гуноҳ кабира бошад, монанди зино ва куштор, ё аз гуноҳони сағира (хурд)). Ва касе дар ислом муртакиби кори баде шуд (ва аз динаш баргардад), барои ончи дар ҷоҳилият ва ҳам барои ончи пас аз ислом оварданаш муртакиб шудааст, бозхост хоҳад шуд".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari and Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фазилат ва бузургии ислом пазируфтанро ин гуна баён медорад, ки ҳар касе ислом пазируфт, содиқона ва аз рӯи ихлос мусалмон шуд, аз ончи дар замони пеш аз ислом оварданаш муртакиб шудааст, пурсида нахоҳад шуд. Ва ҳар касе пас аз ислом пазируфтан кори баде анҷом дод, ба ин маъно ки мунофиқ бошад ё аз динаш баргардад, барои тамоми гуноҳони пеш аз ислом ва баъди мусалмон шуданаш бозхост ва ҷазо дода хоҳад шуд.

Benefits from the Hadith

  1. Нигаронӣ ва тарси саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) аз амалҳое ки пеш аз ислом анҷом додаанд.
  2. Ташвиқ бар устуворӣ дар дин ва тарки гуноҳон.
  3. Аз фазилатҳои пазируфтани дини Ислом ин аст, ки тамоми гуноҳони гузашта бахшида мешаванд,
  4. аммо муртад (касе, ки аз дин баргаштааст) ва мунофиқ барои ҳама гуноҳоне, ки пеш аз Ислом ва баъди он анҷом додааст, бозхост ва муҷозот хоҳад шуд.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд