?Ҳар кӣ аз шумо кори зишт ва норавоеро дид, пас бояд онро бо дасташ бартараф созад, агар натавонад бо забонаш онро инкор кунад ва агар натавонад пас бо дилаш, ки он (инкор кардани бо дил) зинаи заъифтарини имон аст...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абусаиди Худрӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: «Ҳар кӣ аз шумо кори зишт ва норавоеро дид, пас бояд онро бо дасташ бартараф созад, агар натавонад бо забонаш онро инкор кунад ва агар натавонад пас бо дилаш, ки он (инкор кардани бо дил) зинаи заъифтарини имон аст».
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ бод) ба бартараф кардани кори зишт ва нораво, ба андозаи тавон, дастур додаанд, ки он иборат аст аз ҳар чизе, ки Худованд ва паёмбараш наҳй фармудаанд. Шахси мусалмон вақте кори зишт ва норавоеро мебинад, бояд ба қадри тавон онро тағйир диҳад. Агар аз бо даст тағйир додани он оҷиз бошад, пас бо забон онро манъ кунад, ӯро аз паёмад ва зарарҳои мункарот огаҳ сохта дар ивази он ҳарчи барои банда барояш дар он хайр аст, ҳидоят фармояд. Пас агар аз боздоштани он бо забон ҳам оҷиз омад, онро бо дилаш инкор кунад, ба гунае, ки агар қудрат ва тавони тағйир ва ё боздоштани аз онро медошт, ба таври ҳатмӣ онро анҷом медод. Тағйир ё худ инкор кардани мункар бо дил заъифтарин мартабаи имон дар тағйир додани кори зишту нораво аст.

Benefits from the Hadith

  1. Ин ҳадис асл ва мабнои мароҳили тағйир додани мункарот аст.
  2. Дар ин ҳадис дастур ба наҳй аз мункарот, ва ба таври тадриҷӣ тағйир доданаш, ба андозаи тавони ҳар шахс аст.
  3. Наҳй аз мункар як боби муҳим дар дин аст, ки ҳар як фарди мусалмон ба андозаи тавон дар иҷрои он мукаллаф аст.
  4. Амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар аз вижагиҳои имон аст, ва имон ҳам дар худ вижагии зиёд ва кам шуданро дорад.
  5. Яке аз шартҳои наҳй аз мункар донистани ҳукм ва чигуна мункар будани он аст.
  6. Ва аз шартҳои тағйир додани мункар ин аст, ки: сабаби ба вуҷӯд омадани мункари бузургтар ва норавотар нагардад.
  7. Наҳй аз мункар дар худ одоб ва шартҳоеро дорад, ки шахси мусалмон бояд аз онҳо бохабар бошад.
  8. Инкор кардани мункар дар навбати худ ниёз ба зиракии шаръӣ ва илму фаҳмиш дорад.
  9. Инкор накардани мункар (ҳадди ақал) бо дил, нишонаи заъфи имони шахси мусалмон аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд