Худованд ба касе хайр бихоҳад, ӯро мавриди ибтило қарор медиҳад

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованд ба касе хайр бихоҳад, ӯро мавриди ибтило қарор медиҳад".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳаргоҳ Худованд барои касе аз бандагонаш хайр бихоҳад, ӯро дар ҷону мол ва хонадонаш мавриди озмоиш қарор медиҳад, ки банда бо дуо ва тазарруъ ба Парвардигораш мутавассил мешавад, ки ба сабаби он гуноҳонаш бахшида ва соҳиби манзилати боло мегардад.

Benefits from the Hadith

  1. Муъмин дучори мусибат ва озмоишҳо қарор мегирад.
  2. Озмоиш ва ибтило шояд нишонаи муҳаббати Худованд ба бандааш бошад, то ба сабаби он дараҷа ва манзилаташро боло барад ва гуноҳонашро бубахшад.
  3. Ташвиқ ба сабр дар мусибатҳо ва наафтодан дар ваҳм ва ваҳшат.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд