Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳар касе ба шахси қарздор муҳлат бидиҳад, ё аз қарзи ӯ кам кунад, Аллоҳи Муттаъол рӯзи қиёмат ӯро зери сояи арши Худ, ки он рӯз сояе ҷуз сояи Ӯ нест, қарор медиҳад".
Sahih/Authentic. - At-Tirmidhi

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳар касе ба шахсе, ки аз ӯ қарздор аст муҳлат диҳад ё аз қарзи ӯ кам кунад, подошаш он аст, ки вақте рӯзи қиёмат хуршед бар сари бандагон наздик мешавад ва гармияш болои онҳо шиддат меёбад, Худованд ӯро зери сояи арши Худ қарор медиҳад, рӯзе, ки дар он касе ҷуз сояи Худованд соя нахоҳад ёфт.

Benefits from the Hadith

  1. Фазилати осонгирӣ бар бандагони Аллоҳ Таъоло ва баёни инки он аз сабабҳои наҷот ёфтан аз ваҳшат ва сахтиҳои рӯзи қиёмат аст.
  2. Муҷозот ва подош аз ҷинси амал аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд