Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда бошад, ба дӯзах ворид мешавад...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда бошад, ба дӯзах ворид мешавад".
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огоҳ фармудааст, ки ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Аллоҳ чизеро шарик наоварда бошад, ҷойгоҳаш биҳишт аст, агарчи барои бархе аз гуноҳонаш азоб хоҳад дид. Аммо касе дар ҳоле бимирад, ки ба Аллоҳ ширк оварда бошад, ҷойгоҳаш ҷовидонӣ дар дӯзах аст.

Benefits from the Hadith

  1. Фазилати тавҳид ва инки он сабаби раҳоӣ аз ҷовидон мондан дар дӯзах аст.
  2. Андоза миёни банда ва ҷаннату дӯзах чизе ҷуз марг нест.
  3. Ҳӯшдор аз ширк -чи хурд бошад ва чи бузург- зеро роҳи наҷот аз дӯзах дурӣ ҷустан аз ширк аст.
  4. Ончи дар аъмол муътабар аст, хотима ва анҷоми он аст.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд