Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: ба Паёмбари Худо гуфтанд: эй Паёмбари Худо аз ҳама хушбахттар ба шафоати ту дар рӯзи қиёмат кист? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Эй Абуҳурайра аз сабаби аз ҳама бештар аҳамият доданат бар аҳодиси ман, гумон доштам касе пеш аз ту дар ин маврид намепурсад. Хушбахттарини мардум дар рӯзи қиёмат ба шафоати ман касе аст, ки аз самими қалб ва ҷон "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд".
Sahih/Authentic. - Al-Bukhari

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки баҳрамандтарин мардум дар рӯзи қиёмат аз шафоати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касе аст, ки аз самими қалб ва холисона "Ло илоҳа иллаллоҳ", яъне нест маъбуде барҳақ магар Аллоҳ, бигӯяд ва дар айни ҳол бадур ва пок аз ширк ва риё бошад.

Benefits from the Hadith

  1. Исботи шафоати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар рӯзи қиёмат ва инки шафоати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фақат барои яктопарастон аст.
  2. Шафоати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин аст, ки Паёмбари Худо аз даргоҳи Худованд истидъо (тавассул) мекунад то муваҳидоне ки сазовори дӯзах шудаанд ба онҷо ворид нашаванд ва ё он муваҳидоне, ки дохили дӯзах шудаанд аз он берун карда шаванд.
  3. Фазилати аз самими қалб ба забон овардани калимаи тавҳид ва асари бузурги он.
  4. Калимаи тавҳид пас аз донистани маънои он ва амал кардан ба муқтазои он таҳаққуқ меёбад.
  5. Фазилати шахсияти Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ва эҳтимоми ӯ ба илм.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд