Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ мардеро дид, ки мегуфт: савганд ба Каъба, Ибни Умар гуфт: ғайр аз Аллоҳ ба чизе дигар савганд ёд карда намешавад, зеро ман Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ савганд ёд кунад, ё кофир шудааст ё ширк варзидааст".
Sahih/Authentic. - At-Tirmidhi

Шарҳ

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки ҳар касе ба ғайр аз Аллоҳ ва ному сифатҳои Ӯ Таъоло савганд ёд кунад куфр ба Аллоҳ ва ё ширк варзидааст, зеро савганд ба чиз ё ба касе маънои бузургдошт ва таъзими онро дорад, дар ҳоле, ки таъзим ва бузургдошт танҳо барои Аллоҳ аст. Пас бояд танҳо ба Аллоҳ ва ному сифатҳои Ӯ Таъоло савганд ёд карда шавад. Савганд ёд кардан ба ғайр аз Аллоҳ ширки асғар аст, аммо ончи ба номаш савганд ёд мекунадро баробар ба Аллоҳ ё зиёдтар аз Ӯ Таъоло бузург бидонад муртакиби ширки акбар шудааст.

Benefits from the Hadith

  1. Таъзим ва бузургшуморӣ дар савганд танҳо барои Аллоҳ Таъоло аст, ба ҷуз Аллоҳ ва ба ному сифатҳои Ӯ Таъоло, савганд ёд карда намешавад.
  2. Саҳобагони киром ба "амри ба маъруф ва наҳй аз мункар" таваҷҷӯҳи хос доштанд, ба вижа агар амали мункари пайванд ба куфр ва ширк мебуд.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд