Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармудааст: Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам".
Sahih/Authentic. - Muslim

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки Аллоҳ Таъоло худ фармудааст, ки пок аз ҳар гуна шарик аст, Ӯ Таъоло аз ҳама чиз бениёз аст, агар банда амалеро барои Худо ва дар айни ҳол барои ғайри Худо анҷом диҳад, Аллоҳ ӯро раҳо намуда аз ӯ намепазирад ва амалашро ба соҳибаш бармегардонад, Амал бояд танҳо барои ризои Худованд бошад, зеро Ӯ Таъоло танҳо амалеро мепазирад, ки фақат барои Ӯ Таъоло анҷом дода мешавад.

Benefits from the Hadith

  1. Ҳушдор аз воқеъ шудан дар ширк, ки он монеъи қабул шудани амалҳо аст.
  2. Эҳсоси азамат ва бениёзии Худованд дар худ, зеро он ба инсон кӯмак мекунад дар амалҳои худ ихлос дошта бошад.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд