Огоҳ бошед, ки чи басо ҳадиси ман ба марде бирасад ва ӯ дар ҳоле ки бар тахту такягоҳи худ такя задааст бигӯяд: миёни ману шумо китоби Аллоҳ аст...

Scan the qr code to link to this page

Ҳадис
Шарҳ
Намоиши тарҷумаҳо
Benefits from the Hadith
Дастабандишудаҳо
Бештар
Аз Миқдом ибни Маъдикариб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Огоҳ бошед, ки чи басо ҳадиси ман ба марде бирасад ва ӯ дар ҳоле ки бар тахту такягоҳи худ такя задааст бигӯяд: миёни ману шумо китоби Аллоҳ аст, пас ҳарчиро Қуръон ҳалол гуфтааст ҳалол ва ҳарчиро ҳаром гуфтааст ҳаром медонем, ҳоло онки он чиро Расули Худо ҳаром гуфтааст, ҳамон аст, ки Аллоҳ онро ҳаром гардонида аст".
Sahih/Authentic. - Ibn Maajah

Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ кардаанд, ки замоне наздик шудааст, ки гурӯҳе нишастаанд ва яке аз онҳо бар такягоҳаш такя задааст ва ҳадиси паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ӯ мерасад, ва ӯ мегӯяд: чизе, ки миёни мо ва шумо файсала мекунад Қуръон аст ва барои мо он басанда аст, ҳарчиро Қуръон ҳалол гуфтааст ҳалол медонем ва ҳарчиро ҳаром гуфтааст аз он дурӣ меҷӯем. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки ҳар чизеро ӯ дар суннаташ ҳаром гардонидааст, монанди он аст, ки Худованд дар китобаш онро ҳаром фармудааст, чун ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) паёмрасоне аз ҷониби Парвардигораш аст.

Benefits from the Hadith

  1. Бузургдошти суннати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), низ монанди Қуръон аст,ки мавриди такрим қарор гирифта ба он амал карда мешавад.
  2. Итоат аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) итоат кардан аз Аллоҳ аст ва нофармонӣ аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), нофармонӣ кардан аз Аллоҳ аст.
  3. Исботи ҳуҷҷат будани суннат ва рад бар мункирони он.
  4. Касе аз Суннат, бо иддиои амал кардан танҳо ба Қуръон, рӯй гардонад, ба ин маъност, ки ӯ аз Қуръон ва Суннат ҳарду рӯй гардонидааст ва дар даъвои худ, ки пайравӣ аз Қуръон мекунад, дурӯғгӯе беш нест.
  5. Яке аз нишонаҳои нубуввати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додан аз чизе аст, ки дар оянда воқеъ хоҳад шуд, ва ҳамон гуна, ки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфта буд иттифоқ афтод.

Дастабандишудаҳо

Бо муваффақият фиристода шуд